Маъруфҷон Оқилов, рӯзноманигор ва мутахассиси фании телевизион, мудири нави телевизиони «Душанбе» таъин шудааст. Дар ин бора аз ТВ “Душанбе” ба “Азия плюс” хабар доданд.
Ӯ ба ҷои Суҳроб Рауфзода, ки аз соли 2017 ба ин сӯ, дар ин мақом кор мекард, таъин шудааст. Манбаъ, гуфт, ки Оқилов аз 7 июли соли равон ба ин мақом таъин шуд.
- Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳузури кормандони Маъруфҷон Оқиловро муаррифӣ кард ва ба корҳои ояндаи ӯ муваффақият таманно кард,-гуфт яке аз кормандони ТВ “Душанбе”.Вай ҳамчунин, илова кард, ки роҳбари акнун пешини телевизион Суҳроб Рауфзода, ки аз 13 январи соли 2017 ба ин сӯ кор мекард, ҳоло дар ҳеч мақоме таъин нашудааст.
Бояд гуфт, ки Маъруфҷон Оқилов то таъин шудан ба ҳайси роҳбари ТВ “Душанбе” ба ҳайси муовини аввал дар бахши корҳои фаннии телевизиони «Варзиш» фаъолият мекард.
Телевизиони “Душанбе”, ки дар аввал номи телевизиони “Пойтахт”-ро дошт, дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар заминаи телевизиони ҳамноми ҷамъиятӣ, 6 сентябри соли 2006 таъсис шудааст.
Он бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст
Муассис ва маблағгузори телевизиони “Душанбе” дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Душанбе аст.